То бо ғами ишқ ошно гаштем
Аз неку бади ҷаҳон ҷудо гаштем
То ҳаст шудем дар бақои ту
Аз ҳастӣ хештан фано гаштем
То дар раҳ ноМуродӣ афтодем
Бар кули мурод подшо гаштем
Зон дасти ҳамаи ҷаҳони фурӯи бастӣ
То ҷумла ба ҷумлагӣ тўро гаштем
Як шама чу зон ҳадис бинмудӣ
Мустағриқи сар кибриё гаштем
Зонгаҳ ки ба ишқ иқтидо кардем
Дар олами ишқ муқтадо гаштем
эй дили ту куҷое ӯ куҷои охир
Ин худ чаҳ сухан буд куҷо гаштем
Умрии миси нафасро бполўдим
Гуфтеми магар ки кимиё гаштем
Чун рӯй чу офтоб бинмудӣ
Ночизи шудем ва чун ҳаво гаштем
Чун тоби ҷамол ту наёвардем
Саргашта чу чарх Асия гаштем
Чун муҳаррами ишқ ту науфтодем
Дар зери замин чу тўтё гаштем
Навмед машав дарин раҳ эй аттор
Ҳарчанд ки нои умед во гаштем