Мо дар ғамат ба шодии ҷон боз нанигарем

Дар ишқи ту ба ҳар ду ҷаҳон боз нанигарем

Хуши хуш чу шамъи зи оташи ишқи ту фии алмисл

Гар ҷон мо бсухт ба ҷон боз нанигарем

Ҳар тоъатӣ ки халқ ҷаҳон кард ва ме кунанд

Гар нақди мост ҷумла бидон боз нанигарем

Суди ду кун дар талабатгар зиён кунем

Мо дар талаб ба суду зиён боз нанигарем

Гар айн мо шавад ҳамаи зарроти коинот

Як зарраи мо ба айни аён боз нанигарем

Асрори ту зи куну макон чун муназзаҳ аст

Мо то абад ба куну макон боз нанигарем

Чун шуд яқини мо ки туе асл ҳарчӣ ҳаст

Дар пардаи яқин ба гумон боз нанигарем

Дар кӯии ту ду асба битозем мрдўор

Ҳаргиз ба мураккаб ва ба Аннан боз нанигарем

Аттор чу канора гирифт аз миёни мо

Мо аз канор ӯ ба миён боз нанигарем