Мо чу бе моием аз мо эминем
Аз тавалло ва тбро эминем
Аз тафохури ҳамчу гардун фориғем
Вази тағайюри ҳамчу дарё эминем
Чун гузар кардем аз болоу паст
Ҳам зи пастии ҳам з боло эминем
Чун на нодон ва на доно монда ем
Ҳам зи нодони ҳам з доно эминем
Чун забон аз неку бад дарбаста ем
Ҳам зи шунавои ҳам з гуё эминем
Чун қарори кор мо рафтаст дай
Лоҷарами зи имрӯз ва фардо эминем
Ному нанги мо дар ақсои ҷаҳон
Гар ниҳон шуд вар ҳувайдо эминем
Рӯзу шаб бероҳ меҷӯйем роҳ
Зонка аз ноэминӣ мо эминем
Чун сари аттори гӯй роҳ шуд
Аз сарири лоф ва савдо эминем