эй ҷони зи ҷаҳон каҷот ҷӯям
Ҷонӣ ва чу ҷон каҷот ҷӯям
Чун ном ва нишонат ме надонам
Беному нишон каҷот ҷӯям
Чун куну макони ҳиҷоб роҳ аст
Дар куну макон каҷот ҷӯям
Чун ту на наоне ва на пайдо
Пайдоу ниҳон каҷот ҷӯям
Ҳастӣ ту чу осмони сбкрў
Дар банди гарон каҷот ҷӯям
эй аз бар ман чу тири рафта
Ман ҳамчуи камон каҷот ҷӯям
Чун ту нарисӣ ба касе яқин аст
Пас ман ба гумон каҷот ҷӯям
Дар парда шудӣ хамӯш гаштӣ
Ман наъраи занон каҷот ҷӯям
Гуфтӣ ки марои миёни ҷони ҷӯй
Ҷон нест аён каҷот ҷӯям
Ҳастем дарин миёна кӯҳӣ аст
Кӯҳӣ ба миён каҷот ҷӯям
Чун ҷони Фарид дар ту маҳв аст
Дил дар хафақон каҷот ҷӯям
Гуфтӣ ки чу гуми шӯии марои ҷӯй
Гум гашта ҷон каҷот ҷӯям