Дар ишқи ҳамеи бало ҳаме ҷӯям

Дарди дили мубтало ҳаме ҷӯям

Дар мон чаҳ талаб кунам ки дар ишқаш

Як дард ба сад дуо ҳаме ҷӯям

Аз суфи сафоӣ дил наме ёбам

Аз дарди Муғони сафо ҳаме ҷӯям

Аз хирқау тилсони дилам хӯн шуд

Зуннору клисё ҳаме ҷӯям

Дар баҳри ҳазор мавҷи ишқ ӯ

Ғарқа шудау ошно ҳаме ҷӯям

Ҷоно ба лақо чу офтобии ту

Як зарра аз он бақо ҳаме ҷӯям

То чанд дувум ба гирди олам дар

Ту бо ман ва ман киро ҳаме ҷӯям

Ту даст ба ҷони ман фаро карда

Ман гирди ҷаҳони тўро ҳаме ҷӯям

Ту дар дил ва ман ба гирди олам дар

Бингар ки тўрои куҷо ҳаме ҷӯям

Аттор шудам зи атри зулфи ту

Зон атр дигар ато ҳаме ҷӯям