Ҳар киро заррае азин сӯз аст
Дайу фардоаши нақд имрӯз аст
Ҳаст марди ҳақиқати ибни алўқт
Лоҷарам бар ду кун пирӯз аст
Чун ҳама чиз нест ҷузи як чиз
Пас басии солу моҳи як рӯз аст
Сад ҳазорон ҳазор қарни гузашт
Лек дар асли ҷумлаи як сӯз аст
Чун пай ёр шуд чунон сӯзӣ
Шабу рӯзаш чу ид ва наврӯз аст
Заррае сӯзи асл май байнам
Ки ҳамаи кунро ҷигар дуз аст
Нест он сӯз аз касе дигар
Бали ҳамон сӯзи оташ афрӯз аст
Сӯзи маъшӯқ дар пас парда
Ошиқонро далел омӯз аст
Ҳарки ӯ шоҳи бози ин сар нест
Зини тариқати ҷаҳанда чун юз аст
Ту агар мардии ин сухани пай бар
Ки Фарид ончӣ гуфт мармуз аст