Холи мишкӣн бар офтоб мазан

Шевае дигарам бар об мазан

Гар ба оташ наме зании обӣ

Оташам дар дил хароб мазан

Сад гиреҳ ҳаст аз ту бар корам

Гиреҳии нави зи машк ноб мазан

Баради занҷири зулфи ту дили ман

Қуфл бар лؤлؤ хўшоб мазан

Фитнаро беш азин макун бедор

Роҳам аз чашми ним хоб мазан

Шаби торик раҳ зананд на рӯз

Роҳро рӯз ва офтоб мазан

Дили аттори мурғ дона туаст

Мурғи худро ба носавоб мазан