Чу дарёи шӯр дар ҷонам Маяфкан

зи савдо дар биёбонам Маяфкан

Чу пари пашша васлат надидам

Ба пои пел ҳиҷронам Маяфкан

Ба дасти хеш дар пои худами каш

Ба дасту пой давронам Маяфкан

Ба душворӣ ба даст ояд чу ман кас

Чунин аз даст осонам Маяфкан

Агар аз тишнагӣ чун шамъи мардум

Ба серобӣ тӯфонам Маяфкан

Ба чашм ӯ каз абрӯии камони каш

Ба дил дар тир мижгонам Маяфкан

Зира чун дар намепӯшем аз зулф

Миёни тир боронам Маяфкан

Чу печу тоб дар зулф ту зебост

Ба ҷони ту ки дар ҷонам Маяфкан

Чу поем нест бо чавгони зулфат

Чу гӯйии пеш чавгонам Маяфкан

Чу ман ҷамъият аз зулф ту дорам

Чу зулфи худ парешонам Маяфкан

Хат оварадӣу ҷон май хоҳӣ аз ман

зи хати худ ба девонам Маяфкан

Чу шуд хоки раҳати аттори ҳайрон

Ба хоки роҳ ҳайронам Маяфкан