Зулф ба ангушт парешон макун
Рӯй бидон хӯбӣ пинҳон макун
Турраи мишкӣни сияҳи ранг ро
Сояи хуршед дроФшон макун
Аз сари бедоди сари сарварон
Дар сари он сарв хиромон макун
Ошиқи дили сӯхтаро дасти гир
Ҷону дилам бесар ва сомон макун
Чун бар мо омадае як замон
Ҳоли дили хаста парешон макун
Дар бар мо як нафаси ороми гир
Аз бар мо қасд шабистон макун
Бе рухи худ олам ҳамчун биҳишт
Бар ман дили сӯхта зиндон макун
Бар ту чу аттор ҷафое накард
Ончии зи ту он насазад он макун