Лаъли ту доғии ниҳод бар дили бирёни ман

Зулфи ту дар ҳам шикасти тавбау паймони ман

Бе ту дилу ҷони ман сайр шуд аз ҷону дил

Ҷону дили ман туе , эй дил вае ҷони ман

Чун гуҳари ашки ман роҳи назари чусти баст

Чун нигарад дар рахти дидаи гирёни ман ?

Ҳар дар ишқат ки дил дошт ниҳон аз ҷаҳон

Бар рух зардам фишонд ашки дроФшони ман

Шуд дили бечораи хӯн , чораи дили ҳам ту соз

Зонка ту доне ки чист бар дили бирёни ман

Гар ту нагирем даст , кори ман аз даст шуд

Зонка надорад карон , водии ҳиҷрони ман

Ҳам назарӣ кун зи лутф то дили дармонда ро

Бӯ ки ба поён расад роҳи биёбони ман

Ҳаст дили ошиқати мунтазири як назар

То ки барояд зи ту , ҳоҷати ду ҷаҳони ман

Ту дили атторро сӯхтаи хеши дор

Зонка дили санги сӯхт аз дили сӯзони ман