Дар раҳат ҳайрон шудам эй ҷони ман
Бесар ва сомон шудам эй ҷони ман
Чун надидам аз ту гардии пас чаро
Дар ту саргардон шудам эй ҷони ман
Дар фурӯғи офтоб рӯй ту
Зарра ҳайрон шудам эй ҷони ман
Дар ҳавоӣ рӯй ту ҷон бар миён
Аз миён ҷон шудам эй ҷони ман
Хешро чун хом ту дидам зи шарм
Бо дилӣ бирён шудам эй ҷони ман
То туро ҷону дили худ хонда ам
Бедил ва беҷон шудам эй ҷони ман
Чун сари зулфи туам аз бен бикунад
Бесар ва бен зон шудам эй ҷони ман
Ман бимирам то чаро бо дарди ту
Аз пай дармон шудам эй ҷони ман
Чун рахт пайдо шуд аз бе тоқатӣ
Дар кафан пинҳон шудам эй ҷони ман
Бар умеди онкӣ бар ман бигузарӣ
Бо замин яксон шудам эй ҷони ман
Хок шуд аттор ва ман бар дард ӯ
Абри хӯн афшон шудам эй ҷони ман