Ишқи ту дар ҷони ман эй ҷони ман

Оташӣ зад дар дили бирёни ман

Дар дили бирёни ман оташ мазан

Раҳм кун бар дидаи гирёни ман

Дидаи гирёни ман пурхӯни мадор

Дар нигари охир ба сӯзи ҷони ман

Сӯзи ҷонам беш азин зоҳир макун

Гӯш май дори ин ғами пинҳони ман

Дарди ин бечора аз ҳад даргузашт

Чорае соз ва бикун дармони ман

Худ марои фармон куҷо бошад валек

Каҷ макун чун зулфи худ паймони ман

Ҳарчӣ хоҳӣ кун ту ба доне аз онк

Зоре бошад на фармон зон ман

Ҷони аттор аз ту дар оташ фитод

Оби зан дар оташи сӯзони ман