Чанд бошам дар интизори ту ман

Фитна рӯй чуннигор ту ман

Хушки лаби мондаи наъл дар оташ

Ташнаи лаъли обдори ту ман

Вақт омад ки бар миёни бандам

Камар аз зулфи мшкбори ту ман

Бурқаъ аз рӯй брФкн то ҷон

Пой кӯбон кунам нисори ту ман

Гар ҷаҳон омадааст бо рӯзӣ

Сари нуҳуми маст дар канори ту ман

Гарчи овардае ба ҷони корам

То ба ҷон дар шудам ба кори ту ман

Бар ман аз сад ҳазор иззат беш

Онкӣ бошам залилу хори ту ман

Шуд қарорам ки чанд хоҳад буд

Чашм бар роҳи биқрори ту ман

Тира шуд рӯзи ман чаро накунам

Дидаи равшан ба рӯзгори ту ман

Тарки кори Фарид аз он гуфтам

То шавам фарду ёри ғори ту ман