эй дилу ҷони комилон , гум шуда дар камоли ту

Ақли ҳамаи муқаррабон , бехабар аз висоли ту

Ҷумлаи туе ба худ нигар ҷумла бибин ки доимо

Ҳаждаҳи ҳазор оламаст оинаи ҷамоли ту

То дили толибонатро аз ту далолатӣ буд

Ҳарчӣ ки ҳаст дар ҷаҳон ҳаст ҳамаи мисоли ту

Ҷумлаи аҳли дидаро аз ту забони з кор шуд

Нест маҷоли нуктае дар сифати камоли ту

Чархи равандаи қарнҳо бесару пой дар раҳат

Пушт хамида меравад дар ғами гӯшмоли ту

То абадаши нишону ном аз ду ҷаҳон бурӣда шуд

Ҳар ки дамӣ ҷлоб хӯрд аз қадаҳи ҷалоли ту

Мондаанд даври даври аҳли ду кун аз раҳат

Зонка вуҷӯд гум кунад халқ дар иттисоли ту

Хушки шудем бар замини пардаи з рӯй брФкн

То лаби хушки ошиқон тар шавад аз зулоли ту

Гарчи Фарид дар ҷаҳон ҳаст фасеҳтар касе

Рад макунаш ки дар сухан ҳаст забонаши лоли ту