эй ғунчаи ғуломи хандаи ту

Сарви озоди бандаи ту

Афтод сари ҳазор саркаш

Аз турра сар фиканда ту

Гулҳои баҳори ним мурда

Аз наргиси ним зиндаи ту

Хуршеди гирифтаи лавҳ аз сар

Бар сар чу қалами давандаи ту

Ман куштау ғами кушандаи ман

Ту дилкашу дили кушандаи ту

Зонаст шафақ ки тӯтии чарх

Дар хӯн гардад зи хандаи ту

Чун соя дар офтоб нарасад

Кӣ дар ту расад равандаи ту

Аттор ба ҳар парӣ ки пурд

Доне ки буд парандаи ту