Дӯш ногуҳ омад ва дар ҷон нишаст

Хона вайрон кард ва дар пишон нишаст

Олимӣ бар манзари маъмур буд

ӯ чаро дар хона вайрон нишаст

Ганҷ дар ҷои хароби аввалӣ тар аст

Ганҷ буд ӯ дар харобӣ зон нишаст

Ҳеҷ Юсуфи дидае каз тахту тоҷ

Чун дилаш бигирифт дар зиндон нишаст ?

Гарчи пайдои баради дил аз дасти ман

Омад ва бар ҷони ман пинҳон нишаст

Чун маро танҳо бидид он моҳ рӯй

Гуфт танҳо беш азин натавон нишаст

Ҷон бидиҳ вонгаҳ нишаст мо талаб

Ки тавон бо ҷон бар ҷонон нишаст

Аз сари ҷон чун ту бархезӣ тамом

Ман кунам он соъатат дар ҷон нишаст

Чун зи ҷонони ин сухан бишунид ҷон

Хешро дрбохт ва саргардон нишаст

Хештанро хештани он вақт дид

Ков чу гӯйӣ дар хам чавгон нишаст

Доимо дар нестии саргашта буд

Зон чунин аттор зон ҳайрон нишаст