эй дил ба миёни ҷони фурӯи шӯ
Дар ҳазрат бе нишони фурӯи шӯ
То кӣ гардӣ ба гирди олам
Як бор ба қаъри ҷони фурӯи шӯ
Гар май хоҳӣ ки кул шавад дил
Куллӣ ба дили ҷаҳони фурӯи шӯ
Дарё ки туро ба хештан хонд
Наъраи зан ва ҷон фишон фурӯи шӯ
Чун нест ба ҷузи фурӯ шудан рӯй
Сад сол ба як замони фурӯи шӯ
Чун ҷумла фурӯ шуданд ӣнҷо
Ту низ дарин миёни фурӯи шӯ
Гар бар ту фишонд остини ёр
Сар бар сари остони фурӯи шӯ
Гар ҳеҷ дар имтиҳон кашидат
Мардона дар имтиҳони фурӯи шӯ
То кӣ гардӣ ба гирди ҳаркас
Дар ҳарчӣ дарӣ дар он фурӯи шӯ
Гар дар равиш ту нест судӣ
Дил хуш кун ва дар зиёни фурӯи шӯ
Чун нест яқин ки маҳзи ҷонӣ
Дами даракаш ва дар гумони фурӯи шӯ
Гар пинҳонии брои пайдо
Вари пайдоеи ниҳони фурӯи шӯ
Гар нест ба ъзи қурби роҳат
Дар баъд ба ройгони фурӯи шӯ
Гар натавонӣ чунин фурӯ шуд
Борӣ бирав ва чунон фурӯи шӯ
Аттор чаҳ дар макон нишастӣ
Бархез ва ба ломакони фурӯи шӯ