Дӯш омад зулф тоб дода
Ҷонро зи ду лаб шароб дода
Сад ташнаи оташини ҷигар ро
Аз чашмаи Хизр об дода
Зон рӯй ки моҳ соя ӯст
Сад нур ба офтоб дода
Ҳар ки аз лаб ӯ савол карда
Сад дашномаш ҷавоб дода
Зон бода ки ҷони хароб ӯ буд
Ҷомӣ ба дил хароб дода
Чун маст шудаи дил аз шаробаш
ӯро зи ҷигар кабоб дода
Аттор дар оташи фироқаш
Тан дар ғам ва изтироб дода