Чашми хушаш маст нест лек чу мисатон хуш аст
Хушии чашмаш аз онаст кини ҳамаи дастон хуш аст
Наргиси дастонгараш дасти дил аз ҳилаи барад
Ҳарчӣ кунад чашм ӯ вари бабради ҷон хуш аст
Зулфи парешонашро ҳалқа ба гӯшам аз онк
Бар рух чун моҳ ӯ зулфи парешон хуш аст
Хандаи ширин ӯ гиряи ман талх кард
Гиряи хунини ман зон лаби хандон хуш аст
Пистаи ширин ӯ шӯри дили ошиқонаш
Шӯри дили ошиқонаши зини шкрстон хуш аст
Чун суханашро гузар бар лаб ширин ӯст
Он сухани талх ӯ ҳамчуи шукр зон хуш аст
Ақли лабашро мурӣд аз бен дандон шуда аст
Нест дарин ҳеҷ шаки кони лабу дандон хуш аст
Сабза хаташ дамид бар лаби оби ҳаёт
Бо хати сарсабз ӯ чашмаи ҳайвон хуш аст
Баҳр сифат шуд ба нутқи хотири аттори азу
Дар сифати ҳасан ӯ баҳри дроФшон хуш аст