То ту з ҳастӣ худ зер ва зибр нагардӣ

Дар нестии мутлақ мурғӣ биппар нагардӣ

Зини абртар чу борони беруни шӯ ва сафар кун

Зеро ки бе сафари ту ҳаргиз гуҳар нагардӣ

Ин пардаи ниҳодат бар дар зи ҳам ки ҳаргиз

Дар парда раҳ наёбӣ то парда дар нагардӣ

Гар бо ту халқ олам ояд бурун ба хасмӣ

Гар марди ин ҳадисӣ зинҳор барнагардӣ

Вар бар ту низ боради заррот ҳар ду олам

Ҳон то ба дафъ кардани гирд сипар нагардӣ

Гарчи миёни дарёи ҷовиди ғарқаи гаштӣ

Ҳаши дор то зи дарёи як мӯӣ тар нагардӣ

Гар оқили ҷаҳонии кас оқилат нахонд

То ту зи ишқ ҳар дами девона тар нагардӣ

Гар ту кабӯди пӯшӣ ҳамчун фалаки дарин роҳ

Ҳамчун фалак чаро ту доим ба сар нагардӣ

Аттори хоки раҳи шӯ зеро ки андарин роҳ

Бодат ба даст монад хоки раҳ ар нагардӣ