эй лабат хатм карда дилбандӣ

Банда бӯдан туро худовандӣ

Офтоби сипеҳри рӯят ро

Бар гирифтаи зи раҳ ба фарзандӣ

Дидаам оби зиндагонии ту

Ман бимирами зи орзӯмандӣ

Дар ғами оби зиндагонии ту

Гар бимирам ба дард напасандӣ

То ба зулфат дароз кардам даст

Ҳамчуи зулфат ба пои афкандӣ

Чун ба зулфи ту даст бикшодем

Чун ба мўиим дар фурӯбандӣ

Қалъаи осмон ба як сари мӯӣ

Бигушое ба ҳукми дилбандӣ

Ошиқон чун сипари биФкнднд

Зираи зулф чанд пайвандӣ

Чун киришма кунӣ ба наргиси маст

Гум шавад ақлро хирадмандӣ

То ба озодӣ омадӣ дар кор

Сарвро бен зи бех бар кундӣ

Бӯсае беҷигар бидиҳ охир

Чанд атторро ҷигари бандӣ