эй ки бо ошиқон на пайвандӣ
Бе ту дилро куҷост хурсандӣ
Зуҳра дорад ки пеши наргиси ту
Дам занад ҷодӯии дамовандӣ
Ман зи шавқат чу шамъ ме гарем
Ту зи ашкам чу субҳ май хндӣ
Ту зи мо фориғӣ ва мо ҳамаи рӯз
Хешро май диҳеми хурсандӣ
Чанд охири ман ҷигари хаста
Дар ту пайвандам ва ту напасандӣ
Бандае чун Фарид натавон ёфт
Агараш мекунӣ худовандӣ