Гар ёри чунин саркаш ва айёр набӯдӣ
Ҳоли ман бечораи чунин зор набӯдӣ
Гар ишқ батон ханҷар ҳиҷрон накашидӣ
Дар рӯй замини хуштар азин кор набӯдӣ
Аз шодии ман халқи ҷаҳон шод шудандӣ
Гар бар дили ман бори ғам ёр набӯдӣ
Аз бодаи ман халқи ҷаҳони масти бдндӣ
Дар рӯй замини як тан ҳушёр набӯдӣ
Гар ёри гузар бар сар бозор накардӣ
Ҳангомаи мо бар сар бозор набӯдӣ
Ҳар зоҳиди хушкии нафас аз ишқ задандӣ
Гар ёри чунин саркаш ва хунхор набӯдӣ
Зулфи ту агар даъват куффор накардӣ
Имрӯзи каси лоиқ зуннор набӯдӣ
Гар ёр намӯдӣ рухи худро ба ҳамаи халқ
Андари ду ҷаҳони ҳамдам аттор набӯдӣ