То дар ту хаёли хос ва ом аст

Аз ишқи нафас задан ҳаром аст

То ҳеҷу ҳама яке нагардад

Даъвии ягонагӣат ом аст

То пок нагардӣ аз вуҷӯдат

Ҳар пухтагӣӣ ки ҳаст хом аст

Чун асли ҳама ба қатъ ҳеҷ аст

Ин аз ҳама , ҳеҷ нотамом аст

Ту асли талаби з фаръ бигузар

Кини як гузаранда ва он мудом аст

Чун ӯ ҳамаро надид ме гуфт

Акнӯн ҷузи азин ҳама кадом аст

Ҳар мард ки мард ҳеҷ омад

ӯро ҳамаи чизи як мақом аст

То ту ба вуҷӯди мондае боз

Дар гардани ту ҳазор дом аст

Конҷо ки вуҷӯди дам ба дам нест

Аслати адами алӣ алдўом аст

Шармати номад аз он вуҷӯдӣ

Конро ба нафаси нафас қиём аст

Бигузар зи вуҷӯд ва бо адами соз

Зеро ки адам , адам ба ном аст

Май дон ба яқин ки бо адам хост

Ҳарҷо ки вуҷӯдро низом аст

Оре чу адами вуҷӯд бахш аст

Мавҷӯдоташ ба ҷон ғулом аст

Чун фақри адам барои хос аст

Куфраст казу насиб ом аст

Гар ту сари ҳеҷ ҳеҷ дорӣ

Дар ҳар гомати ҳазор ком аст

Вомонда ба заррае ту кам боз

Ҳаргиз на туро ҷам ва на ҷом аст

Аттори зи ҳеҷ ҳеҷ дил ёфт

Он дил ки буруни дол ва лоам аст