Моием зи олами мъолӣ

Риндии ду се андарин ҳаволӣ

Дар ишқи дилӣ ва ним ҷонӣ

Бар дода ба боди лоуболӣ

Бигузашта з ҳастӣу гирифта

Чун сӯфии ибни вақти ҳоле

Дар сафаи ошиқони ҳазрат

Аз бараҳнагӣ фиканда қолӣ

Пас ёфта бартарин мақомӣ

Аҳсанти зиҳии мақоми олӣ

Моро чаҳ мураққаъ ва чаҳ атлас

Чаҳ нек кунӣ чаҳ бади сголӣ

эй зоҳиди куҳнаи дард нақд аст

Бархез ки гӯша Эйаст холӣ

То нолаи ошиқони ниўшӣ

Бар халқи зи зуҳд чанд нолӣ

Он май ки ту май хурӣ ҳаром аст

Мо менахӯрем ҷузи ҳалолӣ

Мо бар сар оташем пайваст

Мустағриқи баҳри лоязолӣ

Мо бе хобем ва чун буд хоб

Дар ҳазрати қурби зулҷалолӣ

Чун хоб кунад касе ки ӯ ро

Аз реги равон буд ниҳолӣ

Аттор бирав ки дасти барадӣ

Аз ҷумлаи олами мъолӣ