Хосияти ишқат ки бурун аз ду ҷаҳон аст

Онаст ки ҳарчиз ки гӯйанд на он аст

Бартари зи сифоти хираду дониш ва ақл аст

Беруни зи замири дилу андеша ҷон аст

Бинандаи анвори ту баси дӯхта чашм аст

Гӯяндаи асрори ту баси гунг забон аст

Аз васфи ту ҳар шарҳ ки доданд маҳол аст

Вази ишқи ту ҳар суд ки карданд зиён аст

Дар пардаи пиндор чу бозӣ ва хаёл аст

Ҷузи ишқи ту ҳар чиз ки дар ҳар ду ҷаҳон аст

Гар ақл нишонаст зи хуршеди ҷамолат

Як зарраи зи хуршед , фалаки мужда расон аст

Як зарраи ҳайрон шударо ақл чу донад

Каз ҷумлаи хуршеди фалак чанд нишон аст

Чу ақл яқинаст ки дар ишқ Ақила аст

Бешак ба ту донист туро ҳар ки бидон аст

Дар роҳи ту ҳаркас ба гумоне қадамӣ зад

Венаи шева камоне на ба бозуӣ гумон аст

Чаҳ суд ки наққош кашад сӯрати симурғ

Чун дар нафаси бози пас ангушт газон аст

Гарчи буд он сӯрати симурғи валикин

Чун ҷавҳари симурғ ба айна на ҳамон аст

Фии алҷмлаҳ чаҳ зорам , чаканам , қисса чаҳ гӯям

Кони асл ки ҷонаст ҳам аз хеш ниҳон аст

Аттор ки паии баради басии донишу бениш

Андари пай онаст ки болой аён аст