То чашми брндўзӣ аз ҳарчӣ дар ҷаҳон аст
Дар чашм дил наёяд чизе ки мағз ҷон аст
Дар ишқи дарди худро ҳаргиз карон набинӣ
Зеро ки ишқи ҷонони дарёӣ бекарон аст
То чанд ҷӯии охир аз ҷони нишони ҷонон
Дар бози ҷону дилро кини роҳ бенишон аст
То кӣ з ҳастӣ ту каз ҳастӣ ту боқӣ
Гар нест беш мӯеи сад кӯҳ дар миён аст
Ҳар ҷон ки дар раҳ омад лофи яқин басӣ зад
Лекини насиби ҷон зон пиндор ё гумон аст
Андеша кун ту бо худ то дар ду куни ҳаргиз
Як қатраи оби тираи дарё куҷо бидон аст
Ринди шароби хора , чун маст маст гардад
Гуяд ки ҳар ду олам дар ҳукми ман равон аст
Лекин чу боҳш ояд дар худ кунад нигоҳӣ
Ҳоле хаҷал бимонад донад ки на чунон аст
Аттори масти ишқӣ аз ишқ чанд лофӣ
Гар толибии фанои шӯи матлӯби бас аён аст