Нигар то эй дили бечора чунӣ

Чигуна май рӯй сар дар нигунӣ

Чигуна май кашии сад баҳри оташ

Чу андари нафаси худ як қатраи хӯнӣ

Замонӣ дар тамошои хаёлӣ

Замонӣ дар таманнои ҷунунӣ

Агар хоҳӣ ки бошӣ аз бузургон

Мабош аз хурдаи гирони кунунӣ

Чаро бошӣ на кофар на мусулмон

Ки ту на раҳравӣ на раҳнамӯнӣ

зи як як зарраи сӯии дӯст роҳ аст

Вале раҳ нест беҳтар аз забунӣ

Забуни ишқи шӯ то бар кашандат

Ки ҳаргоҳӣ ки кам гаштии фузӯнӣ

Худ аз рифъати вароӣ ҳар ду кунӣ

Чаро ҳам суҳбати ин нафаси дунӣ

Дило ту чистӣ ҳастӣ ту ё на

Вагар на нестӣ на ҳаст чунӣ

Манӣ ё на манӣ Айнии ту ё ғайр

Ва ё аз ҳарчӣ андешами бурунӣ

Чаҳ мегӯям ту худ аз худ наоне

Ки ду ангушти ҳақро дар дарунӣ

Ту эй аттор агар чаҳ дили надорӣ

Валикини аҳли дилро зуфунунӣ