Аз ғамати рӯзу шаб ба танҳоӣ

Мӯниси ошиқони савдое

Ошиқонро зи бех ва бен барканд

Оташи ишқат аз тавоноӣ

Ишқ бо ном ва нанг ноед рост

Надиҳади ишқи дасти раъное

Ишқро сари бараҳна бояд кард

Бар сари чорсўии расвоӣ

Бас ки хуфтанд ошиқон дар хӯн

То ту аз рух ниқоб бигушое

То зи мо заррае ҳаме монад

Ту зи ғайрат ҷамол нанамое

Дар ҳиҷобем мо з ҳастӣ хеш

Мо ниҳонем ва ту ҳувайдое

Ҳастӣ мо ба пеш ҳастӣ ту

Зарра Эй ҳастӣаст ҳар ҷое

Ҳастӣ мо ва ҳастӣ ту дуе аст

Рост ноед дуеу яктое

Нест атторро дарин таку пўӣ

Ҳеҷ роҳӣ ба ҷузи шикебе