Сар бараҳна кардаам ба савдое
Бархестаи дил на ақл ва на рое
Бо чашми пари оби пой дар оташ
Бар хок нишаста боди паймое
Чун гӯй бимонада дар хами чавгон
Саргашта шудаи сиррӣ ва на пое
Аз суҳбати ахтарони сӯрати байн
Хуршед сифат бимонада танҳоӣ
Ҳар рӯзи зи тишнагӣ чу оташ
Бевосита дар кашида дарёӣ
Ҳар савдое ки бинадам гуяд
Зини шева надидаем савдое
Гар биншинам ба нутқ бархезад
Аз нуктаи ман ба шаҳри ғавғое
Чун якҷоем нишаста нагузоранд
Ҳар соъат аз он дувум ба ҳар ҷое
Зини воқеае ки каси нишони надиҳад
Аттор на оқилӣ на шайдое