Аёзи симбр дар хоби хуш буд
Дилаш чун дидаи як соъат биёсуд
Биболин омадаш Маҳмӯди ғозӣ
Ки буд андари сар ӯ сарфарозӣ
зи хоб хуш накардаш ҳеҷ бедор
Ҳазораш бӯса зад бар ҳар ду рухсор
Чу фориғ шуд зи кори бӯсаи он шоҳ
Ҳаме молида поиш то саҳаргоҳ
Бохр чун зхўоб хуш даромад
зи шарми шоҳ чун оташи баромад
Чу шоҳаш дид гуфт эй ҳасанати афзӯн
Чу ту боз омадӣ ман рафтам акнӯн
Дарон соъат ки ту бихўиш будӣ
Заҳри васфат ки гӯям беш будӣ
Дарон соъат ки дидам ҷон физойат
Набӯдӣ ту ки ман будам баҷоят
Чу бо хеш омадӣ маҳбӯб гум шуд
Чу ту толиб шудӣ матлӯб гум шуд
Мабош эй дӯст то маҳбӯб бошӣ
Ки гар бошӣ бахуд маҳҷӯб бошӣ
з худ бигузар ки бе худ ҷумлаи моӣӣ
Чу бихўди хуштарӣ бо худ чроӣӣ
Чу маъдӯмии ҳама мавҷӯд бошӣ
Чу бар ҳайчии ҳама Маҳмӯд бошӣ
Ҳаме то бо худӣ аз ту нгўинд
Вале то бихўдии ҷуз ту наҷӯянд