Се бори он кофари андари оташу хӯн
Бгрдонид бар Љорҷиси гардун
Таниш шуд зарраи зарра чун ғуборӣ
зи хок ӯ баромади лолаи зорӣ
Миёни ин ҳамаи ранҷу азобаш
Расед аз ҳотифи иззати хитобаш
Ки ҳаргизи дӯстӣ мо занад лоф
Нахоҳад хӯрд бедардӣ май соф
Сазоӣ дӯстон инаст модом
Ки гардунашон равад бар ҳафт андом
Бадв гуфтанд эй Љорҷис вае пок
Турои ҳеҷ орзӯе ҳаст дар хок ?
Маро гуфт орзӯ онаст акнӯн
Ки як бор дигар дар зери гардун
Кунандам пораи пора дар азобӣ
Ки то ояд дигар боРоми хитобӣ
Ки чандини ранҷ дар ҷонам рақам зад
Ки ӯ дар дӯстии мо қадам зад
Ту қадари дӯстон ӯ ндонӣ
Ки мардии ғофилӣ дар зиндагонӣ
Касе каз дӯстӣ дам зад ту он бош
Ва ё на , зи дӯстон дӯстон бош