Чун сулаймон кард бо чандон камол

Пеши мӯрии ланг аз аҷзи он савол

Гуфт баргӯӣ эй зи ман оғишта тар

То кадомин гул ба ғами бсрштаҳ тар

Дод он соъати ҷавобаши мӯри ланг

Гуфт хишти вопасин дар гӯри танг

Вопасини хиштӣ ки пайвандад ба хок

Мунқатиъ гардад ҳамаи аўмиди пок

Чун маро дар зери хок эй поки зот

Мунқатиъ гардад умед аз коинот

Пас бипушади хишти охир рӯй ман

Ту магардон рӯй фазл аз сӯии ман

Чун ба хоки орми саргашта рӯй

Ҳеҷ бо рӯем меар аз ҳеҷ сӯй

Рӯй он дорад казон чандон гуноҳ

Ҳеҷ бо рӯем наёрӣ эй илоҳ

Ту Карими мутлақӣ эй кирдигор

Афв кун аз ҳарч рафт ва дар гузор