Роҳи бинии вақти пичопичи марг

Гуфт чун раҳро надорам зоду барг

Аз хуии хиҷлати кафӣ гул карда ам

Пас азу хиштӣ ба ҳосил карда ам

Шишаи пар ашк дорам низ ман

Жанда барчӣдаам баҳри кафан

Аввалам зон ашк агар хӯнӣ диҳед

Охирами он хишти зери срнҳид

Ваон кафан дар оби чашм оғишта ам

эй дариғо сар ба сар ба сиришта ам

Он кафан чун дар танами пӯшеди пок

Зуд таслимам кунед онгаҳ ба хок

Чун чунин кардед , то маҳшари зи меғ

Бар сар хокам наборад ҷузи дареғ

Донеи ин чандин дариғо баҳр чист

Пашшае бо бод натавонист зист

Соя аз хуршед меҷӯяд висол

Май наёбад , инат савдоу маҳол

Гарчи ҳаст ин худ маҳолии ошкор

Ҷузи маҳоли андешӣ ӯро нест кор

Ҳрк ӯ наниҳад дарин андешаи сар

ӯ азин беҳтар чаҳ андеша дигар

Сахттар байнами баҳри дами мушкилам

Чун бипардозам азин мушкили дилам

Кист чун ман фард ва танҳо монда

Хушки лаби ғарқоби дарёи монда

На марои ҳам роз ва ҳам дами ҳеҷ кас

На марои ҳам дарду муҳаррами ҳеҷ кас

На зи ҳиммати майли мамдуҳии маро

На зи зулмати хилвати рӯҳии маро

На дили кас на дили худ низ ҳам

На сари неку сари бад низ ҳам

На ҳавои луқмаи султони маро

На қафои силии дарбони маро

На ба танҳои сабурии як дамам

На бадал аз халқи даврии як дамам

Ҳаст аҳволи ман зеру зибр

Ҳамчунон кон пер дод аз худ хабар