Аблаҳиро миваи дили мурда буд

Сабру орому қарораши барда буд

Аз пас тобут мешуд сӯгвор

Беқарорӣ , вонгаҳе мегуфт зор

К-эии ҷаҳони нодидаи ман чун шудӣ

Ҳеҷ нодидаи ҷаҳон берун шудӣ

Бедилӣ чун он шунид ва кор дид

Гуфт сад бораи ҷаҳон ингор дид

Гар ҷаҳон бо хеши хоҳии баради ту

Ҳам ҷаҳони нодидаи хоҳии марди ту

То ки ту назора олам кунӣ

Умр шуд кӣ дардро марҳам кунӣ

То напардозӣ ту аз нафаси хасис

Дар наҷосат гум шуд ин ҷони нафис