Авд май сӯхти он яке ғофили басӣ
Ох мезад аз хушии онҷо касе
Мардро гуфт он азизи номдор
То ту ох гӯйӣ бсухт ин авди зор
Дайгарӣ гуфташ ки эй мурғи баланд
Ишқи дилбандӣ маро кардаст банд
Ишқ ӯ омад маро дар пеш кард
Ақли ман бар буду кор хеш кард
Шуд хаёл рӯй ӯ раҳи зани маро
Ва оташӣ зад дар ҳамаи хирмани маро
Як нафас беӯ намеёбам қарор
Куфрам ояд сабр кардан зон нигор
Чун дилам дар пас буд дар хӯни хеш
Роҳ чун гирами ман саргаштаи пеш
Водӣӣ дар пеш мебояд гирифт
Сад бало дар беш мебояд гирифт
Ман замонӣ бе рухи он моҳ рӯй
Чун тавонам буд ҳаргизи роҳи ҷӯй
Дардам аз дору ва дармон даргузашт
Кори ман аз куфр ва имон даргузашт
Куфри ман воямони ман аз ишқ ӯст
Оташӣ дар ҷони ман аз ишқ ӯст
Гар надорам ман дар ин андӯҳи кас
Ҳам дамам дар ишқ ӯ андӯҳи бас
Ишқ ӯ дар хок ва дар хӯнам фиканд
Зулф ӯ аз парда берунам фиканд
Ман чу бетоқат шудам дар кор ӯ
Як нафаси ншкибм аз дидор ӯ
Хокро ҳам ғарқа дар хӯн чун кунам
Ҳол ман инаст акнӯн чун кунам
Гуфт эй дарбанди сӯрати монда Эй
Пой то сар дар кудурати монда Эй
Ишқи сӯрат , нест ишқи маърифат
Ҳаст шаҳвати бозӣ эй ҳайвони сифат
Ҳар ҷамолиро ки нақсоне буд
Мардро аз ишқи товоне буд
Ҳар ҷамолиро ки худ набӯд завол
Куфр бошад нест гаштан зон ҷамол
Сӯратӣ аз хилту хӯни ороста
Карда ном ӯ маи нокоста
Гар шавад он хилт ва он хӯн кам азу
Зишт тар набӯд дарин олами азу
Онки ҳасан ӯ зи хилту хӯн буд
Донеи охири кони никуӣ чун буд
Чанд гардии гирди сӯрати айби ҷӯй
Ҳасан дар ғайбаст , ҳасан аз ғайби ҷӯй
Гар баруфтад парда аз пишони кор
На ҳаме диёр монад на диёр
Маҳв гардад сӯрати офоқи кул
Ъзҳои куллӣ бадал гардад ба зл
Дӯстии сӯратии мухтасар
Душманӣ гардад ҳама бо як дигар
Вонк ӯро дӯстӣ ғайбӣаст
Дӯстӣ инаст каз беайбӣ аст
Ҳарч на ин дӯстӣ раҳ гирадат
Баси пушаймонӣ ки ногуҳ гирадат