Буд олии ҳимматии соҳиби камол
Гашти ошиқ бар яке соҳиби ҷамол
Аз қазои маъшӯқи он дил дода мард
Шуд чу шохи хайзарони борӣку зард
Рӯзи равшан бар дилаш торик шуд
Маргаш аз давр омад ва наздик шуд
Марди ошиқро хабар доданд аз он
Кордӣ дар даст меомад давон
Гуфт ҷонони робхўоҳми кишти зор
То ба марг худ намирад он нигор
Мардумон гуфтанд баси шӯрида Эй
Ту дарин куштан чаҳ ҳикмати дида Эй
Хӯни марезу дасти азин куштан бидор
Кӯи худ ин соъат бихоҳад марди зор
Чун надорад мурдаи куштани ҳосилӣ
Сари набарди мурдаро ҷузи ҷоҳилӣ
Гуфт чун бар даст ман шуд куштаи ёр
Дар қисос ӯ кашандами зори зор
Пас чу бархезад қиёмат , пеши ҷамъ
Аз барои ӯ бсўзндм чу шамъ
То шавам зу куштаи имрӯз аз ҳавас
Сӯхтаи фардои азуи инам на бас
Пас буд онҷоу ӣнҷои коми ман
Сӯхта ё куштае ӯ номи ман
Ошиқони ҷони бози ин роҳ омаданд
Вази ду олами даст кӯтоҳ омаданд
Заҳмати ҷон аз миён бардоштанд
Дил ба куллӣ аз ҷаҳон бардоштанд
Ҷон чу бархест аз миён бе ҷони хеш
Хилватӣ карданд бо ҷонони хеш