Суфе мерафт , овозӣ шунид
Кон яке мегуфт гум кардам калид
Ки калидӣ ёфтаст ин ҷойгоҳ
Зонк дарбастаст ин бар хоки роҳ
Гар дар ман баста монад , чун кунам
Ғусса пайваста монад , чун кунам
Суфяши гуфто ; ки гуфтат хаста бош
Дар чу медоне бирав , гӯ баста бош
Бар дар баста чу биншинӣ басӣ
Ҳеҷ шак набӯд ки бигушоед касе
Кори ту саҳласту душвори он ман
Каз таҳайюр мебисӯзад ҷони ман
Нест корамро на пое на сиррӣ
На калидам буд ҳаргиз на дарӣ
Коши ин сӯфӣ басӣ бишитофтӣ
Баста ё бигушодае дар , ёфтӣ
Нест мардумро насибии ҷузи хаёл
наменадонад ҳеҷ кас то чист ҳол
Ҳар ки гуяд чун кунам , гӯ чун макун
То кунун чун кардае акнӯн макун
Ҳар ки ӯ дар водӣ ҳайрат фитод
Ҳар нафас дар беадад ҳасрат фитод
Ҳайрату саргаштагӣ то кӣ барам
Пай чу гум карданд ман чун пай барам
наменадонам кошкӣ ме донамӣ
Ки агар медонамӣ ҳиронмӣ
Мари марои ӣнҷои шикоят шукр шуд
Куфри имони гашту имон куфр шуд