Гуфт чун ҳақ медамид ин ҷони пок

Дар тани одам ки обӣ буду хок

Хост то хайли млоики сар ба сар

На хабар ёбанд аз ҷон на асар

Гуфт эй рӯҳонӣони осмон

Пеши одам саҷда оред ин замон

Срнҳоднди он ҳама бар рӯй хок

Лоҷарами як тан надид он сари пок

Боз Иблис омад ва гуфт ин нафас

Саҷдае аз ман набинад ҳеҷ кас

Гар биндозанд сар аз тани маро

Нест ғам чун ҳаст ин гардани маро

Ман ҳаме донам ки одам хок нест

Сари нуҳум то сари бубинам , бок нест

Чун набӯд Иблисро сар бар замин

Сар бидид ӯ зонка буд ӯ дар камӣн

Ҳақ таъолӣ гуфташ эй ҷосуси роҳ

Ту ба сар дар дӣдании ин ҷойгоҳ

Ганҷ чун дидӣ ки биниҳодам ниҳон

Бкшмт то брнгўиӣ дар ҷаҳон

Зонк хФиаҳ нест берун аз сипоҳ

Ҳар куҷои ганҷӣ ки бунаади подшоҳ

Бешаккӣ бар чашми онкаси кон наад

Бикашад ӯроу хаташ бар ҷон наад

Мард ганҷӣ дид ганҷии ихтиёр

Сар баридан боядат кард ихтиёр

Вар набарам сари зи тани ин дами туро

Ин сухан бошад ҳамаи олами туро

Гуфт ё раби мҳли даҳ ин банда ро

Чора Эй кун ин зи кори афканда ро

Ҳақ таъолӣ гуфт муҳлат бар миннат

Тавқ лаънат кардам андари гарданат

Номи ту каззоб хоҳам зад рақам

Тобмонӣ то қиёмати муттаҳам

Баъд аз он Иблис гуфт он ганҷи пок

Чун маро равшан шуд , аз лаънат чаҳ бок

Лаънати он тести раҳмати он ту

Бандаи он тести қисмати он ту

Гар маро лаънаст қисмат , бок нест

Заҳри ҳам бояд , ҳама тирёк нест

Чун бидидам халқро лаънати талаб

Лаънати бардоштами ман бе адаб

Ин чунин бояд талабгар толибӣ

Ту на толиб ба маънии ғолибӣ

Гар наме ёбии ту ӯро рӯзу шаб

Нест ӯ гум , ҳаст нуқсон дар талаб