Олам ҳама гуфту гӯй худ мебинад

Бар солики ҷусту ҷӯй худ мебинад

Ҳарчиз ки ҳаст ҷумла чун ойӣнааст

Дар дасти гирифта рӯй худ мебинад