Аз ниёзи бандагии он подшоҳ

Пеш мардӣ рафт аз мардони роҳ

Гуфт пандии даҳ ки раҳбар бошудам

Зини чунин сад малик беҳтар бошудам

Гуфт бингар то туро эй шаҳриёр

Кори дунё чанд меояд бакор

Кори дунё ончӣ бошад ногузир

Он қадар чун карда шуд ороми гир

Кори уқбо низ бингар ин замон

То бъқбӣ чанд муҳтоҷӣ бидон

Ончӣ дар уқбои туро он дархураст

Кори он кардани туро лоиқ тараст

Кори дайну кори дунёи рӯзи вшб

Ту бақадр эҳтиёҷи худ талаб

Ончат ӣнҷо эҳтиёҷаст он бикун

Вончаҳи онҷо боядат дармон бикун

Гар бмўӣӣ бастагӣ бошад туро

Ҳам бмўӣӣ хастагӣ бошад туро

Вари бкўҳии бастагӣ пеш оядат

Ҳам бкўҳии хастагӣ беш оядат

Бар ту ҳар пайванди ту бандӣ буд

То турои пайванди худ чанде буд

Боз бар пайванди сар то пои ту

То туоне марди вар на вои ту