Пеши он девона шуд подшо

Гуфт аз ман ҳоҷатии хоҳ эй гадо

Гуфт дорам ман ду ҳоҷат дар ҷаҳон

Бӯ ки аз шоҳам барояд ин замон

Аввал аз дӯзах чу хуш бурҳонем

Дар биҳиштами оре ва бинишонем

Подшоҳаш гуфт эй ҳайрони роҳ

Ҳаст ин кори худо аз ман махоҳ

Буд маҷнӯнро яке хами пеш дар

Шоҳи он хамро ситода бар зибр

Гуфт давр аз пеши хам то нарми нарм

Хам шавад аз тобиши хуршеди гарм

Зонка шаб то рӯз дар хам мешавам

Гарму хуши михсбм ва гум мешавам

Ҷома хобам хамаст эй номвар

Давр азон сар то нагардад сардтар

На маро шуд аз ту як ҳоҷати раво

На зи ту дард маро омад даво

Чун накардӣ доруии ин дарди ту

Ҷомаи хобамро магардон сарди ту

Онкии сад тимор дораш нест бас

Чун тавонад доштани тимори кас