Чорчиз омад бузургиро далел

Ҳар ки он дорад буд марди ҷалил

Илмро эъзоз кардан бе ҳисоб

Халқро додани ҷавоб бо савоб

Дигар он бошад ки ҷӯяд васли дӯст

Вонкаҳ аз душмани ҳазар кардан накӯаст

Ҳар ки дорад донишу ақлу тамиз

Аҳли ақлу илмро дорад азиз

эй бародаргар хиради дории тамом

Нарму ширини гӯй бо мардуми калом

Ҳарки бошад турш рӯй талхи гӯй

Дӯстон аз ваии бгрдоннд рӯй

Ҳар ки аз душман набошад бар ҳазар

Оқибат бинад азуи ранҷу зарар

Дар ҷавори худ адуро раҳи мада

Аз барои онкии душмани давр ба

Дар миёни дӯстон масрур бош

Гар хиради дории зи душман давр бош

То муҳибон бош доим ҳамнишин

То туоне рӯй аъдоро мубин

эй писари тадбири роҳ тӯша кун

Пас ҳадиси ин ва он як гӯша кун