Шуд далели неки бахтии чори чиз

Ҳаркии ин чораш буд бошад азиз

Асл пок омад далели неки бахт

Нест бе асли сазои тоҷу тахт

Як далел дигар омад қалби пок

Гар дилат покаст набӯд ҳеҷ бок

Неки бахатонро буд рои савоб

Онкӣ бад ройаст бошад дар азоб

Ҳар ки эмин аз азоби ҳақ буд

Нест муъмини кофари мутлақ буд

Умри дунёи панҷ рӯзӣ беш нест

Ғофиласт онкас ки пеш андеш нест

Тарки лаззоти ҷаҳон бояд гирифт

Домани соҳиби дилон бояд гирифт

Дар паии лаззот нафсонӣ мабош

Дӯсти дори олам фонӣ мабош

Нест ҳосили ранҷи дунёи бурданат

Оқибат чун май бибояд мурданат

Аз танат чун ҷон равон хоҳад шудан

Хокати андар устихон хоҳад шудан

Мари туро аз додани ҷон чора нест

Раҳзанати ҷузи нФск аммора нест