Нафас натавон гашти ало бо се чиз

Чун бигӯям ёди гираш эй азиз

Ханҷари хомӯшӣу шамшери ҷўъ

Найзаи танҳоӣу тарки ҳҷўъ

Ҳаркиро набӯд мураттаби ин силаҳ

Нафас ӯ ҳаргиз намеёбад фалоҳ

Чунки дил бе ёди аллоҳат буд

Деви малъуни ёри ҳамроҳат буд

Аҳли дунёро чу девор оядаш

Лқмҳои чарбу ширин боядаш

Ҳар ки ӯ дарбанди сим ва зар шавад

Дар уқубати оқибат музтар шавад

Онкии баҳри охирати кораш буд

Аз худои ташриф бисёраш буд

Моли дунёи хоксоронро диҳанд

Охирати прҳизкоронро диҳанд

Ҳаст шайтон эй бародари душманат

Ғул оташ хоҳад андари гарданат

Мудаббирии кӯи рӯ бадунё оварад

Баҳра кӣ аз олами уқбои барад

эй писар бо ёди ҳақ машғӯл бош

Вази хилоиқи даври ҳамчу ғӯл бош