Чори чиз аз чор дигар шуд тамом

Чун шунидӣ ёд май дор эй ғулом

Дониши мард аз хирад гирад камол

Аз амали ният ҳаме ёбад ҷамол

Дайнат аз парҳез комил ме шавад

Неъматат аз шукр шомил ме шавад

Ҳаст донишро камолот аз хирад

Ниятатро беамал кас нанигарад

Шукр , неъматро камолӣ ме диҳад

Ғофилонро гӯшмолӣ ме диҳад

Шукр нокардан завол неъматаст

Баҳраи шокири камол неъмат аст

Илмро беақл натавон корбаст

Пеш беақлон намебояд нишаст

Бе хиради дониш ваболаст эй писар

Илми мурғу ақл боласт эй писар

Ҳар ки илмӣ дорад ва набӯд бар он

Аз тариқ ақл бошад бар карон