Чори чизат бар диҳад аз чори чиз

Нашунӯд ин нуктаи ҷузи аҳли тамиз

Ҳарки зу содир шавад ин чори кор

Бинад он чори дигар бе ихтиёр

Ҳар ки дар поён корӣ нанигарад

Оқибати рӯзӣ пушаймонӣ хӯрд

Ҳар ки накунад эҳтиёти корҳо

Бар дилаш охир нишинад борҳо

Ҳар ки ӯ астизаҳ бо султон кунад

Кори худро сар ба сар вайрон кунад

Ҳарки ӯ ёғӣ шавад бо подшоҳ

Рӯз ӯ чун тира шаб гардад сиёҳ

Ҳар ки гашт аз хуии бади носозгор

Дӯстон аз вай кунанд бе шаки фирор