Чист мардӣ эй писар некӯ бидон
Авло тарсидан аз ҳақ дар ниҳон
Узри хоҳони марди пеш аз маъсият
Бошадаш тоъот беш аз маъсият
Онкии кори нек мардон ме кунад
Бо заъифони лутф ва эҳсон ме кунад
Ҳар ки ӯ бошад зи мардони худо
Бошад андари танги дастӣ бо сахо
эй писар дар суҳбати мардони дарой
То назарҳо ёбӣ аз фазли худоӣ
Ҳар ки аз мардон ҳақ дорад нишон
Нагузаронад айби душман бар забон
Чун нахоҳад марди ҳақи хасмони ҳалок
Аз ғам мардум шавад андӯҳи нок
наменаҷуед марди инсоф аз касе
Гар расад зулму ҷафо бо ваии басӣ
Ҳар ки пои андари раҳи мардони ниҳод
Кӣ равад ҳаргиз ба дунболи мурод ?
эй писари тарки муроди хеши гир
Вонгаҳеи роҳи саломати пеши гир