Он соҳиби ҳиммати он собити уммати он кӯҳи ҳалами он баҳри илми он давлати бози азалӣу абадии шайхи ҷаъфари хулдии рҳмҳоллаҳи алайҳи олами замона буд ва дар илми тариқати ягона буд ва аз кброи асҳоби ҷунайд буд ва аз қудамои эшон ва дар анвоъи улӯми мутабаҳҳир ва дар аснофи ҳақоиқи мтъин ва ӯро калимотӣ олӣаст . Ҳаволаи он бо касе дигар кард . Вақте мегуфт : сад ва сӣ ваанд девони аҳли тасаввуфи наздик манаст . Гуфтанд аз кутуби Муҳамади тирмизӣ ҳеҷ ҳаст туро ? гуфт : на ки ӯро аз шумор суфиён надонам ки ӯ ороиши машойих буду мақбул буд .

Нақласт ки шаст ҳаҷи бкрдаҳ буд . Мурӣдӣ дошт ӯро Ҳамза алавӣ гуфтанд . Шабии Ҳамза қасд кард ки ба хона шайх баравад . Шайх гуфт : имшаб ӣнҷо бош . Магари Ҳамзаи таомӣ ба мурғ дар танури хости ниҳод то фарзандонаш бихӯранд . Гуфт : агар имшаб ӣнҷо бошам фардои намози бомдоди ӣнҷо бибояд кард ва бибояд буд то намози бомдоду чоштгоҳ бо шайх бигзорам ва дайр шаваду Тифлон гурусна бимонанд ва дар банд ман бошанд , пас гуфт : шихо биравам . Гуфт : имшаби ӣнҷои ббош . Гуфт : муҳиммӣ дорам . Гуфт : ту доне . Ба хона омад ва он таом ба мурғ дар танури ниҳод . Пас дигари рӯзи канизакро гуфт : он таом биор . Канизаки он таомро аз танур баровард ва дар роҳ ки мёмди поиш бар санг афтоду тоба бар замин афтод ва бишикаст ва таом бирехт , мурғ бар роҳгзри биФтод . Ҳамза гуфт : бози рӯи он мурғ биор то башуем ва бакор барем . Дарин буданд ки ногоҳ сегӣ аз дар даромаду мурғро бабрад . Гуфт : акнӯн чун ин ҳама аз даст бишуд , борӣ бархезаму суҳбати шайх аз даст надаҳум ва ба наздик шайх омад . Шайхро чун чашм бирав афтод гуфт : ҳаркии гӯшти пораи дили машойих гӯшт надорад гӯшт ӯ ба саг диҳанд . Ҳамза пушаймон шуд ва тавба кард .

Нақласт ки як рӯзи пайғомбарро алайҳи ассалом ба хоб дид . Гуфт : тасаввуф чист ? гуфт : тарки даъвӣу пинҳони доштани маънӣ .

Ва аз ӯ пурседанд ки тасаввуф чист ? гуфт : ҳолатӣ ки дарав зоҳир шавад айни рубубият ва музмаҳил гардад айни убудийят .

Ва гуфт : тасаввуфи тарҳ нафасаст дар убудийяту берун омадан аз башарияту назар кардан ба худои таъолӣ ба куллият . Ва азу пурседанд аз тлўини фақр , гуфт : тлўини эшон тлўинӣ барои зёдтӣ , аз баҳри онкӣ ҳар киро тлўин набӯд зёдтӣ набӯд .

Ва гуфт : чун дарвешро бинӣ ки басӣ хӯрд бдонкаҳ ӯ аз се чиз холӣ набӯд : ё вақте ки бирав гузаштааст ва на дар он вақт чунон бӯдааст ки бояд , ё баъд аз ин хоҳад буд чунонкӣ на бар ҷода буд , ё дар ҳол мувофиқатӣ надорад .

ӯро пурседанд аз таваккул , гуфт : таваккул онаст ки агар чизе буд ва агар набӯд дил дар ду ҳолати яксон буд , балки агар набӯд тараби дарав буд ва агар буд ӯ тараб дар ӯ набӯд , балки таваккул истиқоматаст бо худои таъолӣ дар ҳар ду ҳолат .

Ва гуфт : хайри дунёу охират дар сабри як соъатаст .

Ва гуфт : футуввати ҳақири доштан нафасасту бузурги доштани ҳурмати мусулмонон .

Ва гуфт : ақл онаст ки туро давр кунад аз мавозиъи ҳалок .

Ва гуфт : банда хос бош худоиро то аз ағёр нагардӣ .

Ва гуфт : саъии аҳрор аз баҳри нафас хеш набӯд балки барои бародарон буд .

Ва гуфт : шариф ҳиммат бош ки ба ҳиммати шариф ба мақоми мардон тавон расед на ба муҷоҳидат .

Ва гуфт : лиззат муомила наёбанд бо лиззати нафас , аз ҷиҳати онкии аҳли ҳақоиқи худро давр кардаанд аз аҳли алойиқ ва қатъ кардаанд он алойиқ ки эшонро қотеъаст аз ҳақ , пеш аз онкии он алойиқ бар эшон роҳ бурӣда гирданд .

Ва гуфт : ҳар ки ҷаҳд накунад дар маърифати хеш , қабул накунанд хизмат ӯ .

Ва гуфт : рӯҳи салоҳ ба ҳар ки расад лозим гирад мутолибаи нафас ба сидқ дар ҷумлаи аҳвол ва ҳар ки рӯҳи маърифат ба вай расад ӯ бишносад мавориду масодири корҳо ва ҳар ки рӯҳи мушоҳида бадв расад макрам гардад ба илми ладуннӣ .

Нақласт ки ӯ дуое дошт озмуда . Вақте ӯро нигинӣ дар диҷла афтод , он дуо бархонад . Ҳоле нигоҳ кард нигин дар миёни китоби бозёфт . Шайхи Абунаср Сироҷ гуяд он дуои ин буд : ё ҷомеъи анноси лиўми лои риби фӣаи аҷмъи золтӣ . Чун вФотш наздик омад ба Бағдод буду хок ӯ ба шўнизиаҳаст , онҷо ки сиррии сиқтӣу ҷунайди раҳмаи аллоҳи алайҳ .