Чун сабри зи ҷаври ту ситамгар накунад кас ? !
Ҷузи сабри зи ҷаврат чаҳ кунад гар накунад кас ? !
Гар Хизр бубахшад қадаҳи оби бақо ро
Бо хок дар дӯст , баробар накунад кас
Дар дил набӯд орзӯии хилвати хосам
Ин бас ки туро манъ аз он дар накунад кас
Афтодагӣ омӯз , ки дар кӯии харобот
Назораи дарвеш ва тавонгар накунад кас
Ту мастӣ ва аз тундии хуии ту дар он базм
Ёд аз ғами маҳрӯмӣ озар накунад кас